ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ МАЪЮБОНИ ПЕКИН ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Сентябрь 1, 2008 15:07

           Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ҳайати ду нафар варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпии маъюбон ба Пекин рафт. Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи намуди вазнбардорӣ иштирок мекунанд. Раиси Кумитаи параолимпии Тоҷикистон Сафар Боев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шарафи варзиши Тоҷикистонро дар Пекин Зайтуна Розиқова ва Хайрулло Абдураҳимов ҳимоя хоҳанд кард.          Бозиҳои 13 — уми олимпии маъюбон дар Пекин аз 6 то 17 сентябр давом мекунад. Дар он аз 150 мамлакати ҷаҳон қариб 4 ҳазор варзишгар аз рӯи 20 намуди варзиш қувваозмоӣ мекунанд. Ширкати «Ориан групп» — и Аморатҳои Муттаҳидаи Араб барои рафту омади варзишгарони тоҷик ба Пекин ва иштироки онҳо дар олимпиада маблағ ҷудо кард.         Тарҷумон — Қудратов А.

Сентябрь 1, 2008 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд