ЮНЕСКО БА ШАҲРВАНДИ ҶТ УНВОНИ «ҲУНАРПЕШАИ ҶАҲОН» — РО ДОД

Сентябрь 18, 2008 14:49

Душанбе, 18  сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур  Бандишоев). —  17  сентябр  дар   қароргоҳи  марказии  ЮНЕСКО  дар  Париж  маросими эҳдои  унвони  ифтихории «Ҳунарпешаи ҷаҳон»  ба шаҳрванди Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Амриддин  Аминов  баргузор  гардид. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  унвони   фахрии  «Ҳунарпешаи  ҷаҳон»  ба  ходимони  ҷамъиятии  мамлакатҳои  ҷаҳон  барои   саҳми  бузургашон   дар  амалӣ  сохтани   ғояҳои сулҳ  ва сабру  таҳаммул   дода  мешавад. Тоҷикистон  дар  байни   мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  ягона  мамлакатест, ки  намояндаи он  ба   чунин   унвони  олии  байналхалқӣ  сазовор  гардидааст.            Дар  маросими   супурдани  диплом   ба  А.Аминов  директори  генералии  ЮНЕСКО,   сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Тоҷикистон  дар  шоҳигарии  Белгия  Саймӯмин  Ятимов,  ходимони  намоёни  ҷамъиятӣ ва  воситаҳои  ахбори  оммавии  Фаронса  ҳузур  доштанд.

Сентябрь 18, 2008 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст