ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ ВА РАСУЛ БОҚИЕВ САЗОВОРИ ОРДЕНИ «ШАРАФ» ГАРДИДАНД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Барандагони ҷоизаҳои Бозиҳои 29 — уми тобистонаи олимпӣ дар Пекин Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев сазовори орденҳои «Шараф» дараҷаи якум гардиданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба 150 нафар кормандони муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат саҳми калон гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ супорид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Юсуф Абдусаломов дар маросими супоридани мукофот ҳузур надошт. Вай айни ҳол дар Доғистон мусофират дорад. Ёдовар мешавем, ки соҳибкорони тоҷик қабл аз ин ба Ю.Абдусаломов ва Р.Боқиев мошинҳои сабукрави «Тойёта» тӯҳфа карда буданд. Тарҷумон — Қудратов А.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






