1 МИЛЛИАРДУ 139,4 МИЛЛИОН СОМОНИИ БУҶЕТ БАРОИ СОҲАИ МАОРИФ

Октябрь 23, 2008 10:18

                Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар лоиҳаи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 ба соҳаи маорифи мамлакат 1 миллиарду 139, 4 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нисбати соли 2008-ум 448, 2 миллион сомонӣ ё 65 фоиз зиёд аст. Чунин зикр шуд, зимни баррасии лоиҳаи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 дар ҷаласаи Кумитаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ. Ин раванд ба татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушди соҳаи маориф дар мамлакат мусоидат менамояд. Зеро пойдевор ва пешрафту дастовардҳои ҳар як давлату миллат маҳз ба соҳаи маориф сахт марбут аст.              Инчунин, дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 ба дигар соҳаи муҳими ҷумҳурӣ -соҳаи тандурустӣ 395,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли гузашта 141 миллион сомонӣ ва ё 55 фоиз зиёд мебошад. Ин имкон медиҳад, ки соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ рушд ёфта, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.

Октябрь 23, 2008 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд