ҚУРБИ ПУЛИ МИЛЛИ УСТУВОР ГАШТ

Октябрь 23, 2008 14:26

              Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Имрӯз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишварҳои дунё зарари калони молиявӣ расонида истодааст,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.               Ӯ инчунин зикр кард, ки натиҷаҳои он тағйирёбии нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ, тағйирёбии қурби доллари амрикоӣ, тағйирёбии нархҳо дар биржаҳои молиявии ҷахон, муфлисшавии бонкҳо ва ширкатҳои хурду калони давлатҳои пешрафта мебошад. Ҳукумати як қатор давлатҳо алакай аз маблағҳои буҷетӣ барои бартараф сохтани мушкилоти пардохтпазирии бонкҳояшон, зиёда аз 2 трилион доллари амрикоӣ ҷудо намуданд. Ин бӯҳрони иқтисодӣ ба ҷумҳурии мо ҳам каме таъсир расонид, ки ин боиси афзудани сатҳи таваррум гардид. Новобаста аз ин, раванди рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ тамоили нисбатан мӯътадилро соҳиб гашт.              Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 12 миллиарду 374, 8 миллион сомониро ташкил дод. Таваррум бошад, ба 12,7 фоиз расид. Нархи маҳсулоти озуқаворӣ 14,5 фоиз ва маҳсулоти ғайриозуқа 4,4 зиёд шуд.               Бояд гуфт, ки қурби пули миллӣ дар нӯҳмоҳаи соли равон 2,8 фоиз устувор гашт.

Октябрь 23, 2008 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд