ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «СИТОРАИ СОЛ»
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Кохи Борбад озмуни «Ситораи сол» ҷамъбаст карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки озмуни мазкур аз соли 1996 инҷониб баргузор карда шавад ҳам, то имрӯз ҳамагӣ се маротиба гузаронида шудааст.Бояд гуфт, ки иштирокчиёни консерти хотимавии озмунро хонандагони ҳафтаномаи «Оила» дар давоми 9 моҳ интихоб намуданд. Аз оғози эълони озмун 80 овозхон барои иштирок дар он ариза дода буд, вале хонандагони ҳафтанома дар ин муддат ба тарафдории 20 ҳунарпеша овоз дода, онҳоро барои гирифтани унвони «Ситораи сол» номзади арзанда номиданд. Дар байни онҳо овозхонҳо Сироҷиддин Фозилов, Шабнами Сурайё, Тахмина Ниёзова ва дигарон ҳастанд. Ҳамаи овозхонҳое, ки дар консерти хотимавӣ иштирок мекунанд, бо дипломҳо ва муҷассамаҳои заррини дар шакли ситораи панҷгӯшаи ба пояи булӯрин насбшуда мукофотонида мешаванд. Ба консерти хотимавии озмун дастаи раққосони балети «Виват» — и Қазоқистон низ даъват шудааст.Тарҷумон — А. Қудратов.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






