ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА СУСТ ШУД

Октябрь 31, 2008 10:27

                Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 27 октябри соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ ба андозаи 343 ҳазору 563 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин баробари 62,2 фоизи нақшаи солонаи пахтатайёркунӣ мебошад Рафти пахтатайёркунӣ яку якбора аз 1,7-1,8 фоиз ба 0,6 -0,4 ва 0,2 фоиз паст фуромад.               Дар вилояти Хатлон аз 331 ҳазору 900 тоннаи дар дурнамои истеҳсоли нишондодашуда, 238 ҳазору 919 тонна, вилояти Суғд аз 172 ҳазору 100 тонна — 81,151 тонна ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 48 ҳазору 500 тонна 23 ҳазору 493 тонна пахта тайёр карда шудааст. Бо чунин сурат гирифтани кор дар ҷамъоварии пахта, боз 38 рӯзи тақвимӣ зарур аст, ки ин ҷамъоварии пурраи пахтаро зери суол қарор медиҳад.  

Октябрь 31, 2008 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд