ҶИНОЯТКОРОН ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТАНД

Октябрь 9, 2008 10:52

         Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Суди ноҳияи Мир Са-ид Алии Ҳамадонӣ муҳокимаи парвандаи ҷиноии аъзои гурӯҳи муташаккили транс-миллии нашъаҷаллобонро ба охир расонд.         Аз Маркази робитаҳои ҷамъияти Кумитаи давлатии амнияти милли ҶТ ба мух-бири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони гурӯҳи зудамали Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Душанбе муайян карданд, ки аъзои гурӯҳи муташаккили трансмиллии нашъаҷаллоб аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон, Гурҷистон ва Тоҷикистон муддати тӯлонӣ ба қочоқ ва хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул мебошад. Аз гурӯҳи мазкур моҳи марти соли 2008 дар ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қариб 70 килограм маводи нашъадор му-содира гардида буд. Бо ҳукми суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аъзои дастаи мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Гурҷистон Заза Балиашвилӣ ба мӯҳлати 17 сол ва шаҳрвандони Тоҷикистон Сафаралӣ Ҳомидов ба мӯҳлати 18 солу 9 моҳ, Юсуфҷон Юнусов ба мӯҳлати 18 сол, Оди-нашо Сатторов ба мӯҳлати 14 сол ва Муҳаммадҷон Қосимов ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Октябрь 9, 2008 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд