23 НАФАР ҲУҚУҚШИНОС БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТИ ВАКОЛАТДОР ИҶОЗАТНОМА ГИРИФТ

Октябрь 23, 2008 16:40

                  Душанбе 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар нӯҳ моҳи соли 2008 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1970 лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, 907 ҳуҷҷати хусусиятҳои ҳуқуқии байналмилалидошта хулосаи ҳуқуқӣ дода, 113 санади меъёрии ҳуқуқии идоравиро ба қайд гирифт. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёров ба хабарнигорон иброз дошт.                Б. Худоёров зикр намуд, ки дар тӯли 9 моҳи охир ба 23 нафар ҳуқуқшинос барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода, 8 аризаро дар ин бора рад кард. Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 362812 адад амалиёти нотариалиро анҷом доданд, ки ин нисбат ба соли 2007 ба миқдори 45407 амалиёти нотариалӣ зиёд мебошад.               «Барои амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда аз тарафи нотариусони давлатӣ ба маблағи 11 миллиону 887 ҳазору 324 сомонӣ боҷи давлатӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ситонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 309 ҳазору 976сомонӣ зиёд мебошад», — идома дод вазир.              Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ ба истеҳсоли иҷрочиёни судӣ 16 ҳазору 577 варақаи иҷро ворид гардид, ки аз онҳо 14 ҳазору 825 варақаи иҷро дар давраи ҳисоботӣ ба иҷро расонида шуда, 1 ҳазору 752 варақаи иҷро бе иҷро монд ва 920 варақаи иҷро бо вайрон кардани мӯҳлати муқарраргардида иҷро шуд.

Октябрь 23, 2008 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд