423 КИЛОГГРАМ МАВОДИ НАШЪАВОР ДАР ДОХИЛИ КАМЕРАИ БАЛОНИ АВТОМОБИЛ

Октябрь 25, 2008 09:32

                 Душанбе 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 11 майи соли 2008 ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назоратии маводи нашъаоварӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) дар дидбонгоҳи «Чорбоғ»-и шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи Камаз-5320, рақамҳои давлатиаш ВН 78-92 РТ/01 таҳти идораи ронанда Табаров Раҷабалӣ боздошт карда шуда, барои тафтиш ба маркази кинологии АНМН ҶТ, оварда шуд.                 Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти прокуратураи генералии ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи азназаргузаронии автомашинаи зикршуда аз дохили цистерна дар дохили камераи баллони автомобил ба миқдори 33 бандчаи селофанӣ бо маводи хокамонанди рангиаш сафедчатоб ва дар 17 халтаи дигар маводи хамирмонанди рангаш ҷигарӣ дарёфт карда гирифта шуд.                Мувофиқи маълумотномаи мутахассис, маводҳои аз автомашинаи Табаров Р. дарёфт карда гирифта шуда, маводи нашъавори героин буда, вазни 33 кг. 823,5 гр. ва афъюн ба миқдори 389 кг. 821 граммро ташкил медиҳад. Вазни умумии маводҳои нашъаовари мусодира гардида 423 кг. 645,2 граммро ташкил медиҳад.                Дар рафти гузаронидани ҳаракатҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти зикргардидаро Табаров Р. дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Муродов Мирзошариф, Аёмов Баҳодур, Наҷмиддинов Фирдавс ва шахси ба тафтишот номаълум бо номи «Раҳим» содир намудааст.                 Оиди ин ҳодиса 12 майи соли ҷорӣ аз тарафи АНМН ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 2 октябри соли 2008 парвандаи ҷиноятӣ ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои барраси ирсол карда шуд.

Октябрь 25, 2008 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд