АНҶУМАНИ V — УМИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТӣ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 17, 2008 16:59

             Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Маҷмааи Давлатии «Кохи Вахдат» Анҷумани v- уми Палатаи савдо ва саноатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони палатаҳои Федератсияи Русия иштирок намуданд.             Раиси палатаи савдо ва саноатӣ (ПСС) ҷумҳурӣ Шариф Саид «Оид ба фаъолияти ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2003 то 2008), ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 250 ташкилоти нав ба аъзогии палата қабул карда шуданд ва имрӯз шумораи аъзоёни палата ба 400 нафар расидааст. Дар ин муддат палата чор маротиба СД — дискҳо таҳия намуд, ки дар он ахбороти муфассал дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои амалкунандаи кишвар ва маълумот дар бораи 419 ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ ва зиёда аз 176 лоиҳаҳои барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногуни халқи кишвар ҷой дода шудааст.              Палата дар соли сипаригашта ба соҳибкорони тоҷик дар ҳалли масъалаҳояшон мусоидат намуда, иштироки 961 соҳибкорони тоҷикро дар намоишгоҳҳои байналмиллалии хориҷӣ таъмин намудааст. Дар давоми панҷ сол палата зиёда аз 73 намоишгоҳ гузаронидааст. Барои ташкили бомувафақияти Намоишгоҳи миллии Федератсияи Русия, Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Намоишгоҳи ярмаркаи молу маҳсулоти Қошғар дар Тоҷикистон Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифт.             Инчунин, зикр гардид, ки дар ин давраи ҳисоботӣ палата 42 бизнес — форум ва 22 мизи мудаввар бо соҳибкорони мамлакатҳои Эрон, Туркия, Чин, Булғория, Афғонистон, Покистон, Русия, Польша, Чехия ва Литва гузаронида шудааст.

Октябрь 17, 2008 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд