АСКАРАВЛОДИ БА 240 АРУСУ ДОМОДИ ДУШАНБЕ МЕҲРУ ВАФО ВА САОДАТИ РУЗГОР ОРЗУ КАРД

Октябрь 22, 2008 15:21

              Душанбе, 22 октябр.(Марзия Саидова).-22 октябр толори Мӯҷтамеи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт шукӯҳи хоса дошт. Дар ин ҷо дар маросими ботантана тӯйи арӯсии 120 ҷуфт ҷавони шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Арӯсу домодҳоро Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст ва намояндаи макоми муаззами рахбарии Эрон дар Кумитаи имдоди имом Хумайнии ин кишвар Ҳабибуллоҳ Аскаравлодӣ бо ин рӯзи саиду фархунда табрик намуда, ба онҳо саодати рӯзгор ва меҳру муҳаббати самимиро таманно карданд.              Баргузории чунин туйҳои хонадоршавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарордоди ҳамкории байни Ҳукумати Тоҷикистону Эрон ҷараён гирифта, то имрӯз тӯйи арӯсии 650 ҷуфт фарзандони оилаҳои камбизоат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гузаронида шудааст ва он бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуда, ба навхонадорон ба маблағи беш аз 3 ҳазор сомонӣ ҷиҳози рӯзгор тақдим карда мешавад.             Тибқи нақшаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон бояд ҷашни издивоҷи 1000 ҷуфт ҷавонон дар ҷумҳуриамон барпо карда шавад.             Ҳамзамон имрӯз дар доираи баргузории тӯи арӯсӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки онҳо маҳсули дастони бонувони марказҳои дӯзандагии намояндагии Кумитаи имдод аст. Алҳол теъдоди онҳо дар Тоҷикистон ба 10 адад мерасад.

Октябрь 22, 2008 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд