АСКАРАВЛОДИ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Октябрь 17, 2008 15:45

              Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 21 октябр як ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии намояндаи мақоми муаззами раҳбари дар Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ, Раиси Шӯрои марказии ин созмон Ҳабибуллоҳ Аскаравлодӣ ба Душанбе меояд. Мақсади сафари Аскаравлодӣ ба Душанбе иштирок дар маросими тӯйи арӯсии 120 ҷуфт ҷавонони тоҷик ва баррасии тавсиаи ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон аст.              Дар ҷараёни сафари худ Аскаравлодӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев, муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Амонулло Неъматзода ва Раиси хазинаи «Хайрия»-и Тоҷикистон Талбак Назаров дидору мулоқот намуда, таҳкими ҳамкориҳои судмани ду кишварро дар бахши иҷтимоӣ дар доираи фаъолияти Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ баррасӣ менамояд.             Назар ба гуфти раиси намондагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайид Ҳомид Азимӣ ин сафари нахустини Аскаравлодӣ ба Тоҷикистон буда, ӯро дар сафар намояндагони парлумони Эрон низ ҳамроҳӣ мекунанд.

Октябрь 17, 2008 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад