БАРҚИЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИЛҲОМ АЛИЕВ

Октябрь 17, 2008 10:17

             Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:             Мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович, лутфан табрикоти самимонаи маро ба муносибати бори дигар ба мансаби олии раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуданатон қабул фармоед.             Пирӯзии дубораи Шумо дар интихобот ба ин мансаби олӣ шаҳодати боварию эътимод ва сиёсате мебошад, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо ба гулгулшукуфоии Ҷумҳурии бародарии Озарбойҷон ва беҳтар сохтани шароити зиндагии мардуми он дар арсаи байналмилалӣ равона карда шудааст.              Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ҷонибдори густариши ҳамкориҳо байни кишварҳоямон, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, эътироф мекунанд. Боварии комил дорам, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми ҳар ду кишвар мебошад ва дар оянда низ тавсиа хоҳад ёфт. Мо омода ҳастем, ки баҳри татбиқ намудани ин амал тамоми тадбирҳои заруриро биандешем.             Мӯҳтарам ҷаноби раис, Ҳайдар Алиевич, аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо сиҳатӣ ва саломатӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти минбаъдаатон орзӯ менамоям.

Октябрь 17, 2008 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд