БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»

Октябрь 8, 2008 16:57

         Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов дар мавзӯи тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун машварат баргузор гардид. Дар он намояндагини Бонки ҷаҳонӣ тадқиқоти худро оид ба ташкили консорсиуми байналхалқӣ, манбаъҳо ва усулҳои сармоягузорӣ, беҳтар намудани иштироки созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва кишварҳои алоқаманд дар консорсиуми таъсисёбанда пешниҳод намуданд. Изҳор карда шуд, ки дар замина тадқиқот идома дорад ва натиҷаҳои он соли оянда дар ду давра пешниҳод карда мешаванд. Дар машварат роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мулоҳизаҳояшонро роҷеъ ба пешниҳодҳои Бонки ҷаҳонӣ баён намуданд. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Маъруф Сайфиев ва дигарон дар бораи паҳлӯҳои мухталифи сохтмони НБО «Роғун» сухан ронданд. Муовини аввали сарвазир Асадулло Ғуломов таъкид намуд, ки нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» сохтмони нав нест. Барои бунёди он ҳанӯз дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ садҳо миллион доллари амрикоӣ сарф гардида буд. Иншооти мазкур барои истеҳсоли нерӯи барқ ва обёрии заминҳои минтақа аҳамияти калон дорад. Бинобар ин ҳарчи зудтар ба истифода додани он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад ва ба манфиати ҳамаи мамлакатҳои минтақа мебошад. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ тасмим гирифтанд, ки тадқиқоти пешниҳоднамудаи Бонки ҷаҳониро муфассал омӯхта, фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи проблемаҳои мавҷуда, таҳияи санадҳои асоснокии илмию техникии иншооти зикршуда ва низомномаи консорсиуми ташкилёбанда пешбарӣ намоянд.

Октябрь 8, 2008 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд