БАЗМИ ФАЛАКХОНИ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛИ РАҲМОН
Имрўз дар бинои собиқ кинотеатри Тоҷикистони пойтахт, ки баъди таъмиру тармим ва азнавсозӣ номи кохи Тоҷикистонро гирифтааст, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон базми бошукўҳи фалакхонӣ баргузор гашт.Месазад таъкид намуд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санъати фалакхонӣ ба қатори ҳунарҳои касбии овозхонӣ шомил гашта, ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ гирифт ва баҳри ривоҷу равнақи он ки аз қаъри асрҳо аз шебу фароз ва таъкибу тазйиқҳои бешумор гузашта ба рўзҳои мо расидааст, ҳар сол 10 октябр рўзи санъати фалак расман таҷлил мегардад.Дар базми имрўзаи фалакхонӣ ҳунармандони шинохтаи ансамбли давлатии «Фалак» ва ҳунарпешагони касбию ҳаваскор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳамчунин кишварҳои Афғонистону Эрон иштирок намуда, бори дагир собит намуданд, ки фалак як навъ санъати воло ва дорои таърихи рангину кўҳани миллати фарҳангпарвару бостонии тоҷик астСарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштироки ҳунармандони афғону эронро, ки маҳорати баланди фалаксароӣ нишон доданд, бо хушнудӣ мушоҳида карда, ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда дар Тоҷикистон озмуни байналмилалии фалаксароӣ ба роҳ монда шавад ва натиҷаҳои он дар рўзи фалак 10 октябр ҷамъабаст гардад.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчуни ба маҳорати баланд ва истеъдоди нотакрори духтараки нобинои фалаксаро Матлуба Раҳимова, ки аз ноҳияи Ёвон омадааст, баҳои баланд дода, ба роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дод, ки ўро таҳти сарпарастӣ ва таълиму тарбияи худ қарор бидиҳанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






