БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ИҶТИМОИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГҲО

Октябрь 15, 2008 15:56

                Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 октябр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат қарор дар бораи дар соли 2008 маблағгузорӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди асосҳои иҷтимоию тиббии беҳтаргардонии вазъи зиндагӣ ва пешгирии гум кардани қобилияти кории ветеранҳои ҷангҳо- иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳҷӯёна ва қурбониёни терроризм дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2006-2010-ро қабул карданд.                 Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ин Консепсия тибқи қарори Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2006 дар шаҳри Душанбе қабул карда шудааст. Самти асосии он барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, хусусан беҳбуд бахшидани вазъи саломатӣ, зарурати пизишкӣ ва бо кор таъмин намудани ветеранҳои ҷангҳо, иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳҷӯёна ва қурбониёни терроризм нигаронида шудааст. Инчунин дар доираи Консепсияи мазкур таҳияи барномаи давлатии ҳифзи иҷтимоии ветеранҳои ҷангҳо, таҳияи барномаҳои гуногуни мақсаднок барои беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо пешбинӣ мешавад.

Октябрь 15, 2008 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид