БОНКИ МИЛЛИ ҚАРЗИ ХБА-РО ТО МОҲИ ФЕВРАЛИ 2009 ПУРРА БАРМЕГАРДОНАД

Октябрь 24, 2008 12:39

               Душанбе. 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Бонки миллии Тоҷикистон бо иқтидори худ имрӯз метавонад ба он сохторҳое, ки ба вазъи ногувор дучор шаванд, кӯмак расонад. Мо омодаем, ки қарзи Хазинаи байналмилалии асъорро баргардонем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода.               Ӯ афзуд, ки аз 47 миллион қарзи Хазинаи байналмилалии асъор, мо имрӯз 15 миллионашро баргардонидем ва мӯҳлати баргардонидани пурраи маблағи дигар то моҳи феврали 2009 дар назар дошта шудааст.              «Бонки Миллии Тоҷикистон бонки фоидагир нест, мақсадаи бонк таъмири устувори қобилияти пули миллӣ аст. БМТ бояд кӯшиш кунад, ки таваррум боло наравад. Тавре маълум аст қурби пули миллӣ устувор шуд. Дар ин давра мо тахминан 210 миллион доллар аз муомилот гирифтем. Ва ин маблағро барои карзҳое, ки БМТ гирифта буд, пардохт намудем. Имрӯз захираҳои Бонки мазкур тахминан 180 милионро ташкил мекунанд. Вазъи имрӯзаи молиявии БМТ нисбат ба ҳамин давраи охири соли гузашта нисбатан хуб аст.

Октябрь 24, 2008 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд