ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ СОХТУМОНИ ИНШООТ ИДОМА ДОРАД
Хоруғ, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев). — Имрӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёдкорию созандагӣ идома дорад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 — уми июли соли 2008 барои рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ин вилоят 2 миллион сомонӣ ва баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон ва навоҳии он боз 34 миллиону 180 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо шуд, ки ҳамаи ин маблағҳо ба хотири бунёдкориҳои ин вилоят равона гардидааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар ВМКБ бунёди 186 иншоот идома дорад, ки 156 — тои он дар худи шаҳри Хоруғ мебошад. Таҳрири П. Маҳмадбекова








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






