КББС АЗ ТОҶИКИСТОН ИЗҲОРИ ҚАНОАТМАНДИ КАРД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Рамазон Раҳимов бо сардори Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ Ив Ҷованнони, муовини ӯ Рафаэло Мюллер ва сардори барномаҳои КБСС дар Тоҷикистон Саидмурод Ҷононаев мулоқот кард. Дар мулоқот ҷараёни татбиқи барномаҳои КБСС дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо миссия душанбегии КБСС, роҳу усулҳои нави муносибатҳои дуҷониба, паҳн намудани донишҳои ҳуқуқӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бахусус дар ҷузъу томҳои гвардияи миллӣ, қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ташрифот ба муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷӯмҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи ваксеъ қарор дода шуданд. Ҷонибҳо аз ҷараёни мулоқот изҳори қаноатмандӣ карданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






