КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИ ДАР ФАКУЛТАИ ЖУРНАЛИСТИКА
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназри Абӯбакр). — 28-29 ноябри соли ҷорӣ дар факултаи журналистикаи ДДМТ бо ибтикори кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Равандҳои иҷтимоӣ — сиёсӣ ва инъикоси он дар воситаҳои электронии ахбор» баргузор мегардад. Дар конференсия мавзӯъҳои мушкилоти инъикос, баррасӣ ва арзёбии паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ, имконоти телевизион, радио ва интернет дар ҷолибсозии мавзӯъҳо, ҳунар ва касбият дар телевизион, муаммоҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва тарзи тақтеи онҳо дар идораи телевизион ва эфири мустақим, жанрҳои «мурда» ва шоуҳои замонавӣ ва хусусиятҳои онҳо, ҳаёт дар филмномаҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳунарӣ, фазои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ дар ВАО, омодасозии амалии кадрҳо, ¬ҳамкории идораҳои ВЭА ва факултаи журналистика мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки маводи дар коференсия қироатшуда дар шакли маҷмӯа чоп карда хоҳад шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






