М. НЕЪМАТОВ: «ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ҶУМҲУРИ НАЗАРРАС АСТ»

Октябрь 14, 2008 15:45

             Душанбе, 14 октября. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар асоси нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 53 чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла 39 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар минтақаҳои кишвар гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 7076 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Ин нуқтаро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов 14 октябр зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.            Маликшо Неъматов таъкид кард, ки варзишгарони тоҷик дар 21 чемпионати ҷаҳонӣ ва Осиё ширкат варзида, 46 медали тилло, 50 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ, ҷамъ 162 медал ба даст оварданд.           Қайд кардан ба маврид аст, ки тай солҳои охир дар якчанд намудҳои варзиш, аз қабили бокс, самбо, гуштини тарзи озод теъдоди доварони сатҳи байналмилалӣ зиёд шуда, барои рушди ин намудҳои варзиш мусоидат мекунанд.  

Октябрь 14, 2008 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд