МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ БА КИШВАРИ ВОРИДКУНАНДА БАРГАРДОНИДА ШУД

Октябрь 29, 2008 12:30

               Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Кормандони Агентии стантартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд корхонаҳои хӯроки умумии ҷумҳурӣ санҷиш гузаронида, дар натиҷа 2700 килограмм чойи «Мақсад» ва «Империал», ки ба шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саид Абдулқодир тааллуқ дошт бо сабаби ба стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй набуданаш дастгир намуда, ин маҳсулотро ба Афғонистон бозпас гардониданд.               Сармутахассиси маркази матбуоти Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» Мирзовалӣ Абдуллозода ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар баробари ин, як ҳазору 400 килограмм вафлии пастсифат, ки маҳсулоти Ширкати «Ширингул»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад боздошт шуда, ба Эрон баргардонида шуд.

Октябрь 29, 2008 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд