МАСОҲАТИ НОКИФОЯИ ГАРМХОНАҲО
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар мавсими зимистон ва баҳори соли 2008 масоҳати кишти сабзавот дар гармхонаҳо 40 гектарро ташкил дод. Дар ин муддат дар вилояти Суғд агар аз 20 гектар гармхонаҳо истифода шуда бошад, дар вилояти Хатлон, ки калонтарин ва сернуфузтарин вилояти ҷумҳурӣ мебошад, аз 13 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 7 гектар гармхонаҳо истифода намуданд. Ҳосили сабзавоти гармхонаҳо дар зимистони соли гузашта барои таъмини аҳолӣ нокифоя дониста шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо дар тирамоҳ ва зимистони соли 2008- 2009 дар назди роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои нав гузошт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






