МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ АЗ 3 БА 10 РУЗ ТАМДИД
Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бояд имконоти Мақомоти қонунгузории Федератсияи Россия ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва нисбати онҳо то 10 шабонарӯз тамдид намудани мӯҳлати ба хадамоти муҳоҷират хабардиҳии 3 рӯза сафарбар карда шавад»,- чунин пешниҳод кард зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Миронов. Ба андешаи раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ин раванд метавонад тамоюли муҳоҷирати ғайрирасмиро коҳиш дода, сатҳи муносиботро дар ин самт байни ду кишвар баланд бардорад. Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ва сафарбаргаштани иқтидори мақомоти қонунгузории ҳар ду давлат ҷиҳати ташкили заминаи ҳуқуқии робитаҳо, ки аз сиёсати сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия бар меояд ва ин институти ҷадиди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ саҳми босазо дар татбиқи ҳадафҳои созанда мегузорад, изҳори қаноатмандӣ карданд. Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки натиҷагирӣ аз мониторинги доимӣ аз фаъолияти Форумҳои қаблӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ карда шаванд. Ҳамзамон пешниҳод шуд, ки потенсиали Форум- ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ барои ташкили заминаҳои омӯзиши забони русӣ, тенологияҳои муосири русасос ва азбаркунии тахассусҳои ҷавобгӯи бозори меҳнати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва дар сатҳи робитаҳои ҳасанаи иқтисодию фарҳангӣ баланд бардоштани дараҷаи муносибатҳои гуманитарии Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шавад. Сергей Миронов пешниҳоди ҳамтои худро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки таҷриба ва роҳандозии имконоти муносибатҳои байнипарлумонӣ, ки дар сатҳи муваффақ қарор дорад, барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо мусоидат хоҳад кард. Ва дар ин самт тадбирҳои мушаххас ба анҷом расонида хоҳанд шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






