МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РТ Э. РАХМОН БО ШОҲЗОДА ГЕРЦОГ

Октябрь 27, 2008 14:50

               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода Герцог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва роҳҳои густариши муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.              «Муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «дар доираи ин сиёсат мо ба рушди пайвастаи робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдорем».               Густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ бо Тоҷикистон барои Британияи Кабир бисёр муҳим аст», — изҳор дошт дар посух Герцог Йоркский.               Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Ҳукумати Британияи Кабир баҳри расондани кӯмак ба кишвари мо дар бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта арзи сипос намуд.Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои байни ду кишвар дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳо барои густариши бештари ҳамкориҳо хеле зиёданд.               Доир ба ташкил ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхудкунии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт.              Ҳамгироиҳои муштарак дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кӯмак ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот оид ба авзои Афғонистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ маънидод гашт.              Мусоҳибон ҳамчунин атрофи равобити фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.  

Октябрь 27, 2008 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд