МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОН БО СОИРИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶИ ТАВСИА МЕЁБАД

Октябрь 15, 2008 15:54

           Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 октябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус дар бораи андози арзиши иловашуда, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда мепардозанд, тасдиқ гардид.           Ин санад 18 апрели соли 2008 дар пойтахти Беларус шаҳри Минск ба имзо расида, аз дебоча ва чор модда иборат аст. Созишнома дар рушди муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Беларус нақши муассир мегузорад.            Вакилони палатаи поёнии парулмони мамлакат ҳамчунин Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи рафту омади бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъсис додани Иттиҳоди иқтисодии Евразияро тасдиқ намуданд.

Октябрь 15, 2008 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд