МУСОБИҚАИ ДАРЁФТИ ҶОМИ МИРЗОВАТАН ҲАСАНАЛИЕВ

Октябрь 17, 2008 10:22

               Кӯлоб, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Аз 13 октябри соли ҷорӣ бо ибтикори шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо ҷамъияти варзишии иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқа оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти ҷоизаи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ генерал майор Мирзоватан Ҳасаналиев оғоз гардид. Дар мусобиқа беш 150 нафар варзишгарон аз саросари кишвар номнавис гардида, дар вазни аз 45 кг то вазни мутлақ қувваозмоӣ намуданд.              Мусобиқаи мазкурро кормандони кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияи гӯштини миллӣ доварӣ менамоянд. Варзишгарон ташкил намудани чунин чорабиниҳои варзиширо бо хушнудӣ қабул намуданд.              Бояд қайд намуд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷчӯҳи ҳукумат, бахусус Сарвари давлат ба соҳаи варзиш зиёд гардида, барои ҷавонони варзишгар шароити хуби варзишӣ муҳайё шудааст.  Варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб дар шумули дигар варзишгоҳҳои кишвар ду сол қабл таъмир шуда буд ва то имрӯз як қатор мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар он гузаронида шудаанд.

Октябрь 17, 2008 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд