НАМОИШИ ФИЛМҲОИ ТОҶИИ ДАР ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДИДОР»

Октябрь 14, 2008 12:59

            Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, пеш аз зӯҳр дар толори Маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон филмҳои «Ман тавонистам «не» гӯям» бо забони тоҷикӣ ва «Иллюзия» бо забони русӣ намоиш дода шуданд.            Филми «Ман тавонистам «не» гӯям»-ро коргардони маъруфи тоҷик Озод Маликов таҳия намудааст, ки роҷеъ ба тарзи зисту зиндагонӣ ва азобу машақати занони бешавҳар ва фарзандони онҳо ҳикоят мекунад. Дар филм бевазане соҳиби ду духтар аст, ки агар чизе ба духтари калонӣ харад наметавонад онро ба духтари дуюмаш низ харидорӣ кунад. Аз ин хотир, миёни духтарон барои ба дарс пӯшида рафтани костюме, ки ба духтари калонӣ харида буд, ҷангҷол мешавад. Духтари калонӣ аз ин ҳодиса ба вазъи ногувор омада, барои пайдо намудани пул розӣ мешавад, ки чи коре бошад иҷро кунад. Духтар бо тавсияи ҳамдарсаш қариб ба корҳои ношоистае даст занад, вале ӯ дар ҳол насиҳатҳои модарашро ба ёд меораду худро ба даст мегирад ва ба хулосае меояд, ки бигзор бо либосҳои кӯҳна ба дарс раваду аз ҳар гуна балоҳои замона эмин бошад.             Дар филми «Иллюзия», ки онро коргардони тоҷик Маҳмадалӣ Муҳаммадиев таҳия намудааст, ҳаёти имрӯзаи донишҷӯён ва саргузашти ғамангези зани тоҷик, ки фарзандаш барои дарёфти нон аз хона баромада дигарбора бар нагаштааст, инъикос ёфтааст.            Маврид ба ёдоварист, ки филмҳои мазкур аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ шуда, дар ҷамъбасти озмуни филмҳои тоҷикӣ кадом ҷойро ишғол кардани онҳо муайян мешавад.           Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки имрӯз соати 13:15 филми «Пайванди шикаста» дар таҳияи М. Маннон намоиш дода мешавад.

Октябрь 14, 2008 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид