ОСИЁИ МАРКАЗИ МИНТАҚАИ ОЗОД АЗ ЯРОҚИ ҲАСТАИ БОҚИ МЕМОНАД

Октябрь 21, 2008 16:15

              Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» аз масъаалаҳое буданд, ки дар маркази диққати аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат қарор доштанд.              Роҷеъ ба масъалаҳои зикргардида, Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Азимов, Акрамшо Филолиев, Мирзошариф Исломиддинов ва Абдуманнон Холиқов ибрози назар карданд. Онҳо зикр сохтанд, ки қабули қонунҳои мазкур ба таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа ва беҳдошти вазъи иҷтимоии табақаҳои гуногуни аҳолӣ мусоидат менамоянд.             Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит намудани Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Додситонии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин Дар бораи Пртокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва додани иҷозатномаҳои махсус барои интиқоли ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, эталонҳо, воситаҳои ченкунӣ ва намунаҳои стандартӣ, ки бо мақсади тафтиш ва аттестатсияи метрологӣ, интиқол дода мешаванд аз 10 феврали соли 1995 ва дар хусуси Аҳднома оид ба минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор дода шуд.

Октябрь 21, 2008 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад