ПАРЛУМОНҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ҲАМКОРИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзҳои 24-25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор мегардад.Форум таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Миронов ҷараён мегирад. Инчунин, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вадим Густов, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов, сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия П. Смагина ва дигарон маърӯза мекунанд. Дар доираи Форуми байнипарлумонӣ вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон баргузории мизҳои мудаввар дар мавзуҳои «Раванди танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Рушди робитаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ» ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба имзо расонидани Созишномаҳои ҳамкорӣ байни сохторҳои соҳавӣ, вилоятҳои Тоҷикистон бо субъектҳои марбутаи Федератсияи Русия дар назар аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






