ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ДАР ИФТИТОҲИ ФОРУМИ 3-ЮМИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ «ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ

Октябрь 25, 2008 09:12

              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ифтитоҳи Форуми 3-юми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.              Дар форуми мазкур шумораи зиёди сиёсатмадорон намояндагони палатаҳои болоӣ ва поини парлумонҳои ду кишвар, маъмуриятҳои минтақавӣ ва доираи васеъи соҳибкорони Тоҷикистону Россия иштирок намуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар, ки дар соҳаи иқтисод ва савдо рушди бонизом касб намудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.              Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти мол байни Тоҷикистону Россия дар 5 соли охир се баробар афзуд ва имрӯз сарчашмаи 60 дар сади тамоми инвеститисияҳои хориҷииТоҷикистон аз Россия аст.             Аз густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир карда шуд, зеро ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон бо наздики 80 минтақаи Россия робитаҳои судбахши мустақим дорад.Ҳамзамон бо ин Сарвари давлати Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имконоти аз истифодаи тарафҳо дурмондаи ҳамкории иқтисодӣ ҳанӯз хеле зиёданд «пеш аз ҳама дар азхудкунии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран».             Ба гуфти ӯ бисёр лоиҳаҳои калонҳаҷму пурманфиат мунтазири сармоягузорони хориҷӣ аст ва иштироки сармояи Россия дар онҳо дорои манфиати зиёд барои ҳарду кишвар ва минтақа хоҳад буд.            Дар ифтитоҳи форум ҳамчунин Раиси Шӯрои федеролии Федератсияи Россия Сергей Миронов низ суханронӣ карда, устувории мавқеи сиёсии кишвари худро баҳри рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва пеш аз ҳама ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуд.            Сергей Миронов густариши ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран аз самтҳои афзалиятнок маънидод кард.            Аз ҷониби ӯ ба нақши Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва муттаҳидсозии имконоти муштарак дар доираи ИДМ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.

Октябрь 25, 2008 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд