ПУШТИБОНИИ ВАКИЛОН АЗ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ ВА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТИ

Октябрь 28, 2008 10:38

              Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни баррасии лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод карданд, ки аз рӯи имкон андозаи ҷубронпулии ҳармоҳа ба ивази озуқаворӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ, ки дар лоиҳаи буҷети соли 2009 маблағи он 35 сомонӣ нишондода шудааст, ба 50 сомонӣ расонида шавад.              Инчунин, вакилон ва гурӯҳи корӣ як қатор таклифу пешниҳоди дигарро ба мисли танзими андоз ва андозбандӣ аз фурӯши чакана, муаяйн кардани ҷубронпулӣ барои хоҷагиҳое, ки аз ҷойҳои хавфнок кӯчонида мешаванд, дастгирии саноатчиёни ҷумҳурӣ, бо назардошти баландравии эҳтимолии нархи маводи озуқа дар бозори ҷаҳонӣ зиёд намудани маблағгузории фонди захираи давлатӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.             Дар ҷаласа, ки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок доштанд ба саволҳои сершумори вакилон атрофи пешниҳоду дархостҳои зикргардида, посухҳои мушаххас дода, онҳоро ба эътибор гирифтанд.

Октябрь 28, 2008 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд