РОҲБАРОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР АЗ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ДАР ПАРЛУМОН 
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз бори нахуст дар таърихи парлумони Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2008 ҳисобот доданд. Дар ҷаласае, ки дар палатаи поёнии парлумони мамлакат таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Сафаров доир гардид, роҳбарони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва коммуникатсия ва дигар сохторҳои кишвар доир ба самтҳои иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон, хусусан раванди бонизоми рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кишвар муфассал ҳисобот доданд. Бояд тазаккур дод, ки натиҷагирӣ аз амалӣ гардидани Буҷети давлатии нимсолаи ҷумҳурӣ дар сатҳи парлумони кишвар фоли некест аз густариши иқтисодиёт дар мамлакат ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи иқтисодию тиҷоратии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бӯҳронии иқтисодиёти ҷаҳон.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






