РОССИЯ ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Октябрь 24, 2008 16:19

                 Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мо умед дорем, ки баргузории сеюмин Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия такони ҷиддие мегардад дар рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар»,- чунин изҳор кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар сеюмин Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ», ки 24 октябр дар Душанбе баргузор гардид.                Президенти ҷумҳурӣ ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд дода, ҷараёни сохтмони НОБ-и «Сангтӯда-1»-ро шаҳодати рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Россия арзёбӣ кард. Сардори давлати Тоҷикистон зикр кард, ки қариб 20 фоизи ҳаҷми муомилоти берунаи Тоҷикистон ва қариб 60 фоизи сармояи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон бо Россия рост меояд. Инчунин, Президенти Тоҷикистон баргузории форуми байнипарлумониро қадами ҷиддие дар рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россия номида, пешниҳод кард, ки анъанаҳои неку деринаи ҳамкориҳо барқарор карда шаванд. Дар шароити феълӣ , ҷалби сармоягузорони Россия ҷиҳати рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисоди мамлакат яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки ҳамкории иқтисодии ҳар ду кишвар мебошад. Аз ин рӯ, Сардори давлати Тоҷикистон аз сармоягузорон, роҳбарони ширкатҳо ва доираҳои тиҷоратии Россия даъват ба амал овард, ки дар мавриди сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон фаъол бошанд.

Октябрь 24, 2008 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд