РУШДИ СОҲАИ ИҚТИСОДИЁТ ГУСТАРИШ МЕЁБАД
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ҳаҷми умумии хароҷотҳои буҷети давлатӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 427,8 миллион сомонӣ баробар шуда, маблағгузории он 90 фоиз таъмин гардид. Андозаи он нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 27,7 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз зиёд аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ 1110 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 483,4 миллион сомонӣ, тандурустӣ 178,7 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 341,9 миллион сомонӣ ва барои чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва солимгардонӣ 92,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 315 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Барои дастгирии сохтмони иншооти энергетикӣ, сохтмон ва барқарорсозии роҳҳои нақлиёти автомобилӣ, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бехатарии озуқаворӣ, соҳибкорони хурду миёна дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1400 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






