С. МИРОНОВ АЗ РУШДИ РОБИТАҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӣ ИЗҲОРИ ҚАНОАТМАНДИ КАР

Октябрь 27, 2008 10:03

              Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Федератсияи Россия шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҳар ду кишвар сол аз сол густариш меёбанд», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Миронов.               С. Хайруллоев рушди ҳамкориҳоро самараи неки сиёсати пешгирифтаи сарони ҳар ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки нахустин сафари Д. Медведев ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон қадами устуворе гардид дар таҳкими робитаҳои ҳасана.              С. Миронов аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ кард. Вай баргузории сеюмин Форуми байнипарлумониро дар Душанбе, ки он ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҳар ду кишвар заминаи боэътимод фароҳам хоҳад овард, муҳим арзёбӣ намуд.               Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар бахшҳои гуногун ва густариши муносибатҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд.

Октябрь 27, 2008 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад