С. МИРОНОВ АЗ РУШДИ РОБИТАҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНИ ҚАНОАТМАНД ШУД

Октябрь 28, 2008 10:35

              Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Федератсияи Россия шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҳар ду кишвар сол аз сол густариш меёбанд», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Миронов.              С. Хайруллоев рушди ҳамкориҳоро самараи неки сиёсати пешгирифтаи сарони ҳар ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки нахустин сафари Д. Медведев ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон қадами устуворе гардид дар таҳкими робитаҳои ҳасана.             С. Миронов аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ кард. Вай баргузории сеюмин Форуми байнипарлумониро дар Душанбе, ки он ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҳар ду кишвар заминаи боэътимод фароҳам хоҳад овард, муҳим арзёбӣ намуд.             Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар бахшҳои гуногун ва густариши муносибатҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд.

Октябрь 28, 2008 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид