С. МИРОНОВ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Октябрь 21, 2008 14:49

               Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 23 октябр Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федаралии Федератсияи Русия Сергей Миронов бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд. Вай дар Формуи сеюми байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки рӯзҳои 24 -25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мегардад, ширкат менамояд.              Тибқи барномаи сафари расмӣ Сергей Миронов ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон шоҳ -Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. Ҳамчунин, раиси палатаи болоии парлумони Русия бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев ва Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов мулоқот менамояд. Дар назар аст, ки масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоии Тоҷиикистону Русия дар маркази диққати мусоҳибон қарор мегиранд. Инчунин, ӯ дар Форуми байнипарлумонӣ бо маърӯза баромад мекунад.              С. Миронов дар чорабинии фарҳангии «Шоми дӯстӣ», ки дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ баргузор мешавад, ширкат менамояд.               Раиси палатаи болоии парлумони Русия субҳи 25 октябр бо ҳамроҳони худ ба вилояти Суғд рафта, дар идомаи кори Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад. Мавсуф дар толори намоишгоҳи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бо дастовардҳои меҳнатии мардуми вилоят ва барномаҳои инвеститсионии он шинос гардида, аз Қасри фарҳангии «Арбоб» ва осорхонаи таърихии вилоят дидан менамояд. Дар доираи сафари Сергей Миронов ба вилояти Суғд дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Русия барномаи консертӣ доир хоҳад гашт.  

Октябрь 21, 2008 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид