САБАБИ АСОСИИ БУҲРОНИ МОЛИЯВИИ ҶАҲОНИ

Октябрь 27, 2008 10:20

                 Душанбе, 27 октября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз тамоми ҷомеаро ба ташвиш андохтааст, ин бӯҳрони молиявӣ мебошад, ки дар айни ҳол таъсири он ба бозори молиявӣ, системаи пулию қарзӣ ва андозу буҷет нарасидааст, — иброз дошт вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов зимни нишасти матбуотӣ.                Ҳамчунин қайд гардид, ки барои пешгирии бӯҳрони молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ба монанди таваррум, қурби мубодилаи асъор, хизматрасонии бонкӣ, сатҳи ҷамъоварии андозҳо, раванди афзоиши хароҷотӣ давлатӣ бо мақсади таъмини мӯътадилӣ ва устуворӣ амалӣ шуда истодааст. Сабаби асосии бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ афзоиши шумораи қоғазҳои қимматнок ва қарзҳои импотекӣ мебошад, ки имрӯз ин бозори молӣ ва қарзҳои импотекӣ дар ҷумҳурии мо маъмул нест.                 Аз рӯи иттилои вазири молия, дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гашта, маълум гардид, ки кишварҳои ҳамсоя — Ӯзбекистону Қирғизистону Туркманистон низ аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳеҷ осебе надидаанд.

Октябрь 27, 2008 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд