САРМОЯИ «АМОНАТБОНК» ЗИЁД ШУД
Сармояи умумии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар давоми 9 моҳи соли равон 44,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,9 миллион сомонӣ зиёд аст.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд дар амалӣ гардидани сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои бонк дар давраи ҳисоботӣ ба 22711 муштарӣ ба маблағи умумии 213,7 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,6 миллион сомонӣ ё ба андозаи 97,7 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, муассисаҳои «Амонатбонк» ба 22 ҳазору 608 муштарӣ дар ҳаҷми умумии 157,6 миллион сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки ин 73,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад. Барои ба соҳибкорони хурд ва миёнаи минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ додани қарзҳои хурд аз тарафи Вазорати молияи ҷумҳурӣ тӯли солҳои 2005-2007 давра ба давра ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамаи маблағҳои дар давоми нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ ҷудогардида пурра мавриди истифодаи соҳибкорони хурду миёнаи манотиқи кӯҳистон қарор доранд. «Амонатбонк» дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат механизми нави маблағгузорӣ ба соҳаи пахтакориро аз аввали сол ин ҷониб ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои маблағгузорӣ намудани хоҷагиҳои пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлону аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ 40 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ин маблағҳо дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тариқи қарзҳои имтиёзноки бонкӣ дастраси 548 хоҷагии пахтакорӣ ин вилоятҳо гардонида шуд. Илова бар ин, «Амонатбонк» аз ҳисоби маблағҳои худӣ 50 хоҷагии пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлонро дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намуд. Айни замон аксарияти хоҷагиҳо маблағҳои қарзиро самаранок истифода намуда, ҳосилнокии хуби заминҳои пахтаро таъмин менамоянд, ки ин пеш аз ҳама ба сари вақт баргардонидани маблағҳои қарзии додашуда ва фоизҳои онҳо мусоидат мекунад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






