САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҶАШНИ 60-СОЛАГИИ ДДМТ

Октябрь 24, 2008 15:37

              Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр, Пайрав Назаров). — Имрӯз, 24 октябр 60-солагии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бинои асосии донишгоҳ, ки ба пешвози ин ҷашн таъмиру таҷдид шуда буд, дидан намуд. Дар бинои асосии донишгоҳ сарвари давлат нахуст аз маркази интернетӣ, китобхонаи электронӣ ва китобхонаи илмии донишгоҳ дидан намуда, бо донишҷуёни дар ин китобхонаҳобуда сӯҳбати ошкоро доир намуд.               Сарвари далат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро бовар кунонд, ки имрӯз тариқи хешутаборбозӣ ё роҳҳои дигар ба сари вазифа омадан қариб пурра аз байн рафтааст ва Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳо ниёз дорад. Аз ин рӯ, бояд дар тамоми макотиби олии кишвар сатҳи таълиму тарбия бо сифати наву баланд ба роҳ монда шуда, донишҷӯён низ масъулияти хешро дарк намоянд, то дар оянда ба давлату ватани хеш содиқона хизмат кунанд. «Ҳамин нуқтаро махсус таъкид мекунам, ки бе донистани таърихи гузашта, дарки авзои имрӯза ва дурнамои оянда мутахассиси варзида шудан ғайри имкон аст», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.               Маврид ба зикр аст, ки дар китобхонаи электронӣ 42 ҳазор нусха ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ қариб як миллион китобҳои гуногунсоҳа маҳфуз аст.                Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба корпусҳои дар мавзеи «Шаҳраки донишҷӯён» будаи ДДМТ ташриф оварда, дар ин мавзеъ бинои хобгоҳи № 6-ро расман ба истифода дод. Хобгоҳи мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дорои 386 ҳуҷра барои 1038 нафар муаллимон ва донишҷӯёни ДДМТ пешбинӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки бинои хобгоҳи мазкур дар муддати як сол сохта пурра ба итифода дода шуд. Дар «Шаҳраки донишҷӯён», ки масоҳати умумияш 82 гектарро ташкил медиҳад корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла корпусҳои нав ва дигар биноҳои маъмурӣ барои донишҷӯён идома дорад.                Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки чорабинии асосии 60-солагии ДДМТ имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Сарвари давлат баргузор мегардад.

Октябрь 24, 2008 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд