САРВАЗИРИ ҚАЗОҚИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД
Душанбе, 2 октябр. АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов 23 октябр барои боздиди расмии дурӯза ба Тоҷикистон хоҳад омад. Вай зимни сафар бо роҳбарони баландпояи ҷумҳурии мо мулоқотҳои судманд анҷом медиҳад. Дар ҷараёни сафари Сарвазири Қазоқистон маҷлиси навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии ҳар ду мамлакат баргузор мегардад. Дар фарҷоми сафар имзои силсилаи ҳуҷҷатҳо ба нақша гирифта шудааст. Аз сафоратхонаи Қазоқистон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар доираи сафари К. Масимов рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон гузаронида хоҳанд шуд .








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






