СИСТЕМАИ НАВИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ САНИТАРИЮ ЭКОЛОГИ ВА ОБОДОНИ ТАВЛИД КАРДА МЕШАВАД

Октябрь 16, 2008 14:49

             Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.              Масъалаи рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи вазъи санитарӣ -экологӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва чораҳои беҳбудбахшидани онҳо дар пойтахт» яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия ба шумор рафта, доир ба ин масъала ҳисоботи роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахт, инчунин раисони комиссияҳои депутатӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки бо вуҷуди беҳдошти вазъи санитарию-экологӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ ва беҳтар сохтани сифати оби ошомиданӣ дар пойтахт, дар ин самт проблемаю камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, ки онҳо аз сатҳи пасти маърифати санитарию экологии бархе аз сокинони пойтахт ва бемасъулиятии иддае аз масъулини сохторҳои марбутаи соҳа шаҳодат медиҳад. Дар иртибот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати ҳалли проблемаҳои ҷойдоштаи вобаста ба вазъи санитарию -экологӣ, рафти корҳои ободонӣ ва чораҳои беҳдошти оби ошомиданӣ дар пойтахт ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр, аз ҷумла ба сардори раёсати ҳифзи муҳисти зисти пойтахт Баҳром, Маҳмадалиев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию -эпидемиологӣ Зиёвуддин Афғонов, сардори корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Азам Табаров, директори Маркази танзими лоиҳаи обтаъминкунии шаҳр Зайнуллобиддин Кобулиев ва дигар шахсони масъул то 15 декабри соли равон мӯҳлат дод. Дар мавриди роҳи ҳалли худро наёфтани проблемаҳои ҷойдошта, шахсони зикргардида аз вазифаашон сабӯкдӯш карда мешаванд.            Ҷиҳати ҳалли проблемаҳои зикрагардида, М.Убайдуллоев ба роҳбарони муассисаҳои мазкур дастур дод, ки системаи нави доимоамалкунандаи вазъи бедошти санитарию экологӣ ва ободониро дар пойтахт тавлид созанд, ки он ҷавогӯи талаботи рӯзафзуни ҷомеаи муосир бошад.             Ҳамзамон, Раиси шаҳр бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию экологии сокинони шаҳр раисони ноҳияҳои пойтахтро супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва дигар сохторҳои марбута ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт доир ба тозагию ободонии пойтахт вохӯрию мулоқот ороста, корҳои тарғиботиро дар ин самт вусъат бахшанд.             Дар иҷлосия ҳамчунин ба масъалаҳои риояи танзими ҷашну оинҳо дар пойтахт, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз байн ва мубориза бурдан бо баъзе зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, равияҳои мазҳабию динӣ, ки ба тафаккуру ҷаҳонбинии хусусан ҷавонони пойтахт таъсири манфӣ расонида, боиси халалпазирии ваҳдати миллӣ мегарданд, дахл карда шуд. Дар робита, Раиси шаҳр ҷиҳати таҳкими муборизаи оштинопазир бо ин зуҳурот ва тақвияти волоияти қонун дар шаҳр ба роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод.            Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ гардиданд.

Октябрь 16, 2008 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд