СОЛИ 2009 РУЗҲОИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Октябрь 24, 2008 16:02

             Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Соли 2009 дар доираи 10-солагии ба имзо расонидани санади паймони бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербурги Русия дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург гузаронида мешавад. Ин ташаббусро раиси Кумитаи шуғли аҳолии Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург Павел Понкратов зимни мулоқоташ бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кард.             Дар мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкории бародаршаҳриро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Масъалаи ҳимояи хифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петурбург кору фаъолият доранд, дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт.           Зикр шуд, ки ҷиҳати рушди муносибатҳои бародаршаҳрӣ ҳар ду ҷониб омода аст, ки таҳияи барномаю санадҳои дахлдорро ба роҳ монанд.

Октябрь 24, 2008 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд