ТАБРИКОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ФАЛАК

Октябрь 17, 2008 16:45

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи Фалак              Ҳамватанони азиз!            Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрўз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро  сайқали тоза мебахшанд.            Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдўсти мо ёдгор мондаанд.             Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рўҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем.            Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мо намунаву суннатҳои беҳтарини адабиёт ва фарҳангу ҳунари хешро арҷгузорӣ ва эҳтиром мекунанд.            Ин  далели он аст, ки қофилаи шеъру мусиқӣ ҳамвора баёнгари тақдир ва таҷассумгари зиндагии халқи тоҷик дар шебу фарозҳои зиндагӣ мебошад.            Мусиқӣ дар тўли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ, зимни вижагиҳою рангомезии лаҳнияш аз замони бостон то кунун иҷро кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки маҳфуми Фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рўзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст.            Ин ҷост, ки имрўз жанри мусиқии классикии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст.             Мо, ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумўи жанру мўҳтавои он кўшиш намоем.             Мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рўзи Фалак табрик гуфта, ба тамоми аҳли фарҳангу ҳунар дар ҷодаи эҷоди асарҳои баландмазмуну ҷолиб дастовардҳои беназир орзу менамоям.            Бигзор ворисони Фалакро садои гўёи фалак раҳнамоӣ намояд ва чароғи қалби ҳаводорону офарандагони ин санъати нафису тавоно доимо фурўзон бошад!

Октябрь 17, 2008 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд