ҒУЛОМҶОН БОБОЗОДА, АНДРЕС МАЛДОНАДО ВА ТИЕРИ БЕРТУЛЕ МУБОДИЛАИ АФКОР НАМУДАНД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва аз ҷониби Итиҳоди Аврупо сардори бахши Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ Андрес Малдонадо, директори кулл оид ба робитаҳои хориҷӣ Тиери Бертуле ва дигар намояндагони сафоратҳои хориҷӣ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои асосӣ, аз қабили тафсири татбиқи стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Тоҷикистон, рушди макроиқтисодии Тоҷикистон дар солҳои 2007- 2008 ва дурнамои он, таҷдиди маълумот оид ба ислоҳоти бахшҳои асосӣ дар ҷумҳурӣ, масъалаҳои савдои хориҷӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар доираи кори ҷаласа намояндагони Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо оид ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва роҳҳои асосии рушд, таҷдиди иттилоот оид ба татбиқи нақшаи энергетикӣ, амал ва ҳолати энергетикӣ, вазъи амнияти озуқаворӣ, пешрафт дар ислоҳоти замин ва масоили дигари ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






