ҚАЗОҚИСТОН НИЗ ХОСТГОРИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИИ ТОҶИКИСТОН АСТ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба андешаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, дар давоми 15 соли охир захираҳои меҳнатии кишвар 57 фоиз афзудааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар доираи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.Тибқи маълумоти оморӣ, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии ҷумҳурии мо дар хориҷи кишвар ба 650 ҳазор нафар мерасад. Аз рӯи нишондодҳои ғайрирасмӣ бошад, ин рақам бештар аст. Ҳар сол аз ҷумҳурӣ ба тариқи мавсимӣ аз 800 ҳазор то як миллион нафар ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Россия зиёда аз 93 %-ро ташкил медиҳад. Солҳои охир ба қувваи корӣ Ҷумҳурии Қазоқистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, ки айни ҳол қариб 3 % — и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ин ҷумҳурӣ кору зиндагӣ доранд.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






