ҚИСМЕ АЗ МУҲОҶИРОНИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶОИ ХАВФНОК МОНДАНД

Ноябрь 14, 2008 11:55

             Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ 930 оила ҳамчун муҳоҷирони экологӣ бояд аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонида мешуданд. Аз ҷумла аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 150 оила, вилояти Хатлон -230, вилояти Суғд- 260 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -290 оила бояд ҷои манзили худро дигар мекарданд,вале дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 436 оилаи муҳоҷирони доихилӣ (ихтиёрӣ) кӯчонида шудаанд.             Асосан аз шаҳри Роғун-30 оила, ноҳияи Варзоб — 70, Рашт- 27, Дарвоз — 17, Данғара -150, Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ-67 ва ноҳияи Ғончӣ 75 оила аз ҷойҳои зисти пештараашон ба ҷои бехавф кӯчонида шудаанд. Аз оилаҳои кӯчонидашуда танҳо ба 117 оила маблағи қарзи имтиёзнок ба миқдори 175 ҳазору 500 сомонӣ тавассути бахшҳои «Амонатбонк»-и шаҳру ноҳияҳо пардохт карда шуд.             Бо сабаби нарасидани қарзҳои имтиёзнок имкони кӯчонидани ҳамаи муҳоҷирони дохилӣ нашуд.

Ноябрь 14, 2008 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд