ҲИНДУСТОН СЕРАҲОЛИТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН МЕШАВАД?
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумораи аҳолӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи аввалро ишғол мекунад. Дар гузориши ба тозагӣ интишорнамудаи Бунёди нуфузи СММ пешгӯӣ шудааст, ки то соли 2050, ҳамасола аҳолии Тоҷикистон якуним дарсад афзоиш хоҳад ёфт. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ нишондоди пасттарин оид ба тағйири шумораи аҳолӣ дар Молдова ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки то соли 2050 теъдоди аҳолӣ дар сартосари ҷаҳон якуним баробар зиёд гардида, ба 9 миллиарду 200 миллион нафар хоҳад расид. Мувофиқи пешгӯии СММ, камтар аз ним аср баъд Ҳиндустон аз лиҳози афзоиши шумораи аҳолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш гузашта, унвони сераҳолитарин кишвари оламро касб мекунад. Бояд зикр намуд, ки айни замон Ҳиндустон 1 миллиарду 200 ҳазор ва Чин 1 миллиарду 300 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






